Tajiki Language Learning Podcasts

Tajiki podcast 020306

Informações:

Synopsis

Кобул хостори мадади Исломобод аст Ҳомид Карзай, раисҷумҳурии Афғонистон ҷиҳати гуфтушунид оид ба масъалаҳои амниятии кишвараш ва баррасии шароити ба Афғонистон дода шудани тахминан 150 саркардаи ҳаракати Толибон ба Покистон сафари расмӣ хоҳад кард. Раисҷумҳури Афғонистон дар як нишасти матбуотӣ сӯҳбати ахири телефонии худро бо Парвиз Мушарраф, ҳамтои покистониаш дӯстонаву бародарона ва муносибатҳои ду кишварро фавқулодда самимӣ ва нек арзёбӣ кард. Вай афзуд, ноамнии яке аз ин кишварҳо маънои ноамнии кишвари ҳамсояро хоҳад дошт. Оқои Карзай афзуд, гардиши мол миёни Покистону Афғонистон аз 25 миллион доллар дар даврони Толибон ба 1,2 миллиард доллар расидааст, ки ин нукта ба қавли ӯ "далели манфиати амнияти Афғонистон ба иқтисоди Покистон аст". Раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ӯ бо Парвиз Мушарраф, раисҷумҳури Покистон дар маъалаҳои мубориза ба муқобили терроризм сӯҳбат хоҳад кард. Ӯ гуфт, Афғонистон ҳамчун кишвари мустақил ва узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳақ ба зиндагии шоиста дорад. Изҳороти раисҷумҳури Афғонистон дар ҳ